(ABNA24.com) Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Кристаф Ҳомлман, намояндаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар ҳошияи боздид аз иниститути Постури Эрон дар Теҳрон, зимни таъйиди равияи афзоиши тестшиносии беморони сарпоӣ бо тести озмоишгоҳӣ, онро ҳамросто бо сисёсати пешниҳодии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ эълон кард.
Ҳомлан ҳамчунин бар ҳимоят аз иниститути Постури Эрон дар дигар ҳавзаҳо назири мутолиботи болинӣ ва воксан таъкид кард.
Иниститути Постури Эрон, муасисаи таҳқиқотӣ,тавлидӣ, хадамотӣ ва омӯзишӣ аст,ки бо ҳадафи таъмини тандурустӣ ва саломатии ҷомиъа роҳандозӣ шуда ва таи наздик ба 100 соли гузашта дар кантроли бисёре аз бемориҳои уфунӣ дар Эрон ва дунё нақши муҳиме ифо кардааст.
Иниститути Постури Эрон ҳамчунин масули коргуруҳи ташхиси вируси Корона дар кишвар аст.
То кунун 531 ҳазору 275 озмоиши ташхиси Кувиди -19 дар 126 озмоишгоҳи Эрон анҷом шудааст.
Ҳамчунин бар асоси эълонӣ Вазорати тандурустӣ , дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, то кунун 101 ҳазору 650 нафар дар Эрон ба вируси Корона мубтало шудаанд ,ки аз ин теъдод, беш аз 81 ҳазору 500 нафар беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мурахас шудаанд ва ҳудуди 6 ҳазор нафар низ ҷони худро аз даст додаанд.